ФОЛБИН КОРМАНДИ МИЛИТСИЯРО БА ҶАЗО КАШИД

Август 31, 2009 11:28

                  Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ қонун дар бораи ба ҷавообгарӣ кашидани ашхоси ба фолбинӣ машғул қабул гардид. Барои амалӣ шудани қонуни мазкур, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ лейтенанти милитсия Давлат Саидов объекти ҷиноят — сокини шаҳри Душанбе Мурод Истамовро пайдо карда, барои дар ҷои воқеа дастгир шудани он нақша тартиб дод.                    Ҳангоми гузаронидани амалиёт фолбин дастгир шуд ва ӯро кормандони милитсия ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ оварданд.                    Корманди милитсия Давлат Саидов барои аз ҷавобгарӣ озод намудани фолбин аз ӯ 1000 доллари амрикоӣ талаб намуд.                   Фолбини дастгиршуда нисбати амали кормандони ноҳияи Фирдавсӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ариза муроҷиат намуд.                    Рӯзи 20 — уми августи соли ҷорӣ корманди шӯъбаи мазкур Давлат Саидов ҳангоми гирифтани пора аз фолбин Мурод Истамов аз ҷониби кормандони Агентии мазкур дастгир шуд.  

Август 31, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд