ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛ 224 ҲАЗОР МУСОФИР ИНТИҚОЛ ДОДААСТ

Август 4, 2009 09:57

                   Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Имрӯз дар корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.                   Дар он фаъолияти нимсолаи якуми соли 2009 ҷамъбаст гардид. Нишасти матбуотиро Директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки алҳол дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоӣ арзи ҳасти дорад. Тавассути ин се ширкати ҳавопаймоий Тоҷикистон — «Тоҷик -Эйр», «Сомон — Эйр» ва «Ист — Эйр» парвозҳо ба амал бароварда мешаванд.                    Фоидаи умумии фурӯдгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 46,9 млн. сомониро ташкил дод.                    Боиси тазаккур аст, ки маблағгузории КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 13 млн. 805 ҳазору 97 сомониро ташкил дод.                    КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ беш аз 224 ҳазор нафар мусофиронро аз майдони фурӯдгоҳи Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия давлати Олмон интиқол додааст.                     Ҳамчунин беш аз 1 130 тонна бор тавассути рейсҳои доимӣ ва чартерӣ аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин муддат интиқол дода шудааст.   

Август 4, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд