ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛ 224 ҲАЗОР МУСОФИР ИНТИҚОЛ ДОДААСТ
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Имрӯз дар корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он фаъолияти нимсолаи якуми соли 2009 ҷамъбаст гардид. Нишасти матбуотиро Директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки алҳол дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоӣ арзи ҳасти дорад. Тавассути ин се ширкати ҳавопаймоий Тоҷикистон — «Тоҷик -Эйр», «Сомон — Эйр» ва «Ист — Эйр» парвозҳо ба амал бароварда мешаванд. Фоидаи умумии фурӯдгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 46,9 млн. сомониро ташкил дод. Боиси тазаккур аст, ки маблағгузории КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» ба буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 13 млн. 805 ҳазору 97 сомониро ташкил дод. КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ беш аз 224 ҳазор нафар мусофиронро аз майдони фурӯдгоҳи Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ, Туркия давлати Олмон интиқол додааст. Ҳамчунин беш аз 1 130 тонна бор тавассути рейсҳои доимӣ ва чартерӣ аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин муддат интиқол дода шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст






