ГӮШТИНИ МИЛЛИ БАХШИДА БА ХОТИРАИ АБДУМАННОН ЗОКИРОВ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ба мақсади тарғиби гӯштини миллӣ байни ҷавонон дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз 8 то 9 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Хонақои кӯҳи ноҳияи Ҳисор мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ бахшида ба хотираи Абдуманнон Зокиров баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқай варзиши аз синни 18 сола боло роҳ дода мешаванд. Дар он аз руи вазни 55, 60, 65, 70, 75, 80,86, 95 кг боло қувваозмоӣ мекунанд. Дар мусобиқай номбурда аз ВМКБ 1 даста, вилояти Суғд 1 даста, вилояти Хатлон 2 даста, шаҳри Душанбе 2 даста, ноҳияи Ёвон 1 даста, ноҳияи Варзоб 1 даста, водии Рашт 1 даста, ноҳияи Рӯдакӣ 1 даста, шаҳри Ваҳдат 1 даста, ноҳияи Ҳисор 2 даста, шаҳри Турсунзода 1 даста, шаҳри Роғун 1 даста иштирок мекунанд. Ғолибони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи гӯштини миллӣ, сарпарастон ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Ҳисор сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






