«ГУЛДАСТ» ИНШООТИ НАВ МЕСОЗАД

Август 10, 2009 12:08

                   Мӯъминобод, 10 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулдаст»-и ноҳияи Мӯъминобод ба сохтмони бинои нави ҷамоати шаҳраки Ленинград шурӯъ кард. Холназар Чориев, сардори ҷамъият, вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Бинои мазкур аз ду ошёна ва 15 утоқи корӣ иборат буда, маблағи умумии он беш аз 910 ҳазор сомониро дар бар мегирад». Чориев афзуд, ки айни ҳол 15 нафар коргар ба корҳои сохтмонӣ сафарбар гардидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ маблағгузорӣ аз тарафи раёсати сохтмонии вилоят амалӣ гардида, сари вақт таъмин мегардад. Гуфта мешавад ҶДММ «Гулдаст» тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 439 100 сомонӣ корҳои сохтмониро ба итмом расонидааст.  

Август 10, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд