ГУСТАРИШИ ДӮСТӢ

Август 1, 2009 10:11

                   Бадахшон, 1 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ду рӯзи ҳафтаи ҷорӣ маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ ба макони баргузории фестивали байналмилалӣ, зери унвони «Фарҳанг ва табиат рукни устувории ҳаёти мост» мубаддал гардид. Дар фестивал намояндагони давлатҳои ба мо ҳамсояи Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ширкат варзиданд.                  Мурод аз баргузории ин чорабинии басо хотирмону бошукӯҳ эҳё ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда шуд. Раиси шаҳр Мулкамон Назаралиев дар ифтитоҳи он иброз дошт, ки баргузории фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Хоруғ ба густариши ҳамкориҳои на танҳо фарҳангӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар самтҳо заминаҳои навро муҳайё месозад. Дар фестивал маҳсулоти ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон аз сангҳои қимматбаҳо, дастовардҳои барномаи идоракунии устувори захираи табиат дар доираи равобити дуҷониба миёни олимони Тоҷикистон маҳсули дастони пурэҷози ҳунармандон аз чарм, чӯб, асбобҳои мусиқии қадимаи ниёгон ба маърази тамошобинон гузошта шуданд. Дастаҳои ҳунарӣ санъати миллиашонро пешкаши бинандагон намуда, ҳар як баромади онҳо аз ҷониби ҳаводорони савту суруд ба хушнудӣ истиқбол карда шуд. Иштирокдорони фестивал аснои баргузории он бо ҳамкасбони худ аз мамолики ҳамсоя дӯстӣ пайдо намуда, робитаҳои минбаъдаашонро маҳз тавассути баргузории чунин чорабиниҳо мустаҳкам менамоянд.

Август 1, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд