ХАДАМОТИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ 2 ҲАЗОР НАФАРРО БА КОР ТАЪМИН КАРД

Август 11, 2009 08:58

                Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аввали моҳи июли соли 2009 дар Хадамоти шуғли аҳолӣ беш аз 59 ҳазор нафар корталаб дар қайд буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 12,7 фоиз кам ва нисбат ба сатҳи моҳи апрели соли 2009 — ум 0,7 фоиз зиёд мебошад.                Бино ба иттилои хадамоти мазкур, дар моҳи июни соли 2009 — ум 7,5 ҳазор нафар ба Хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба таъмини кор муроҷиат намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 1,9 баробар зиёд аст.                Дар ин давра 2 ҳазор нафар бекорон тавассути гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки ин танҳо 27 фоизи шумораи ба кор муроҷиаткунандагонро ташкил медиҳад.

Август 11, 2009 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд