ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОНИ СММ АНҶОМ ЁФТ
Женева, 3 август. (АМИТ «Ховар» — Фарғона. ру.). — Дар Женева иҷлосияи 96 — уми Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ анҷом ёфт. Бояд гуфт, ки дар он ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонистанд. Дар иҷлосия масъалаи эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсию шаҳрвандии инсон дар Танзания, Нидерландия, Чад, Озарбойҷон, Аргентина, Эквадор, Мексика, Зеландияи Нав ва Ӯзбекистон муҳокима шуданд. Як қисми ин мамлакатҳо дар бораи эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳисоботи миллӣ ва хулосаи кормандони кумитаҳои дахлдори СММ — ро пешниҳод намуданд. Дар иҷлосия роҳбари Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон Акмал Саидов иштирок дошт. Хабар дода мешавад, ки маърӯзаи Ӯзбекистон дар бораи эҳтироми ҳуқуқи инсон дар иҷлосияи кумитаи мазкур соли 2010 шунида ва муҳокима карда мешавад. Мушоҳидон ва коршиносони СММ бори дигар таъкид карданд, ки дар Ӯзбекистон мисли пештара ҳодисаҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон ва беасос ҷазо додани шаҳрвандон мушоҳида карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис Ҳукумати Ӯзбекистонро даъват намуданд, ки ҳамаи ӯҳдадориҳои мувофиқи Муоҳидаи байналхалқии эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсию шаҳрвандии инсон ба зимма гирифтаашро иҷро кунад. Ӯзбекистон Муоҳидаи байналхалқии эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии инсонро соли 1995 ба тасвиб расонда буд. Ёдовар мешавем, ки намояндаи Ӯзбекистон дар СММ духтари калонии президенти ҷумҳурӣ Гулнора Каримова мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






