ИФТИТОҲИ НАМОИШГОҲИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

Август 5, 2009 11:47

               Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова).- Дирӯз дар Кохи Борбад намоишгоҳи байналхалқии «Рушди иқтисодии Афғонистон» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии он намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок намуданд.               Дар намоишгоҳ зиёда аз 120 ширкату корхонаҳои Афғонистон иштирок доранд. Онҳо маҳсулоти худ, аз ҷумла гилему қолин, молҳои сермасриф ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.              Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ҳузур дошт.               Намоишгоҳ то 6 август идома меёбад.

Август 5, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд