ИМКОНИЯТИ ПАСТ ШУДАНИ ҲАРОРАТИ ҲАВО

Август 21, 2009 14:56

                 Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Вақтҳои охир бо сабаби ба фазои мамлакат ворид гардидани мавҷи ҳавои сарди шимолу ғарбӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво, хусусан шабона то андозае паст гардид. Аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳарорати ҳаво дар давоми як ҳафтаи охир дар мамлакат аз 8 то 9 дараҷа паст фуромад.               Қайд карда шуд, ки чунин тағйироти вазъи ҳаво дар давоми моҳи август ба меъёрҳои ҳарсола мувофиқ мебошад. Рӯзҳои оянда ҳавои тамоми минтақаҳои мамлакат гарм буда, дар ягон ҷо борон намеборад. Рӯзҳои оянда ҳаво шабона дар пойтахт аз 13 то 15 ва рӯзона аз 32 то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.               Ба ақидаи ҳавошиносон ҳавои мамлакат аз 25 август сар карда, то андозае хунук шуда метавонад. Дар ин маврид сардии ҳаво рӯзона ҳам ҳис карда хоҳад шуд.

Август 21, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд