КӮМАКИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН

Август 26, 2009 13:48

                      Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сохтмони лоиҳаи канал дар қишлоқи Чилдараи ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара ва сохтмони шабакаи обтаъминкунии қишлоқи Шаҳринави ноҳияи Тавилдара ба итмом расид. Ин ду лоиҳа дар доираи бевоситаи кӯмаки Ҳукумати Ҷопон ба маблағи 160 ҳазору 152 доллари ИМА сохта шуд.                     Аз Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 26 август маросими ба истифода додани канал ва шабакаи обрасонӣ дар ҷамоати Чилдара ва қишлоқи Шаҳринави ноҳияи Тавилдара баргузор гардид.                     Дар маросими тантанавӣ Раиси Ҳукумати ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов ва Намояндаи муваққатии ваколатдори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма иштирок карданд.                     Ёдовар мешавем, ки аз соли 1996 дар доираи кӯмаки бебозгашт барои табақаи васеъи аҳолӣ, Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои 231 барномаи сохтмони иншоотҳои гуногун дар Тоҷикистон 15,2 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Август 26, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд