КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Имрӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар бораи ҷудо кардани маблағи иловагӣ барои тармими роҳи мошингарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон баргузор гардид. Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Микото Оҷиро имзо намуданд. Бояд гуфт, ки созишнома барои даври дуюми тармими роҳи мошингарди мазкур ба имзо расид. Мувофиқи он тармими қисмати роҳи мошингарди мазкур аз Обигарм то Нуробод, роҳи эҳтиётии давродавр дар километри 110 -112, беҳтар сохтани сифати қитъаи марказии байни Нуробод ва Нимич ва тармими қитъаи роҳи наздисарҳадии Қарамиш пешбинӣ карда мешавад. Умуман дар доираи созишномаи мазкур 127 километр роҳи асосӣ ва 7 километр роҳи иловагӣ тармим карда хоҳад шуд. Бонки рушди Осиё барои иҷрои корҳои даври дуюми тармими роҳи мазкур 20 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бобат 5 миллион доллари ИМА мебошад. Тибқи нақша тармими роҳ бояд то 31 декабри соли 2011 анҷом ёбад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






