КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БАРОИ ТАРМИМИ ПОСГОҲҲОИ САРҲАДӢ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҳукумати ИМА ва Бонки рушди Осиё барои тармиму таҷдиди посгоҳҳои сарҳадии Қулма ва Қизил — арт дар Тоҷикистон 1,6 миллион доллари ИМА ҷудо карданд. Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ва намояндаи муваққатии ваколатдори ИМА дар Тоҷикистон Ниша Квост имрӯз дар ин бора созишномаи иловагӣ имзо намуданд. Кӯмаки навбатии Ҳукумати ИМА илова ба кӯмаки Бонки рушди Осиё ҷудо карда шуд, ки ҳанӯз соли 2004 ба Тоҷикистон расонда шуда буд. Маблағи умумии барои тармиму таҷдиди посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷудонамуда, 14,98 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 10,7 миллион доллар қарзи Бонки рушди Осиё ва 2,68 миллион доллар саҳми Тоҷикистон мебошад. Барномаи тармими посгоҳҳои сарҳадӣ охири соли 2010 пурра иҷро карда мешавад. Дар маросими имзои созишнома мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ Неъмат Бӯриев, муовини аввали сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Неъмат Раҳматов ва хабарнигорон ҳузур доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






