КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БАРОИ ТАРМИМИ ПОСГОҲҲОИ САРҲАДӢ

Август 21, 2009 16:14

                    Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҳукумати ИМА ва Бонки рушди Осиё барои тармиму таҷдиди посгоҳҳои сарҳадии Қулма ва Қизил — арт дар Тоҷикистон 1,6 миллион доллари ИМА ҷудо карданд. Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ва намояндаи муваққатии ваколатдори ИМА дар Тоҷикистон Ниша Квост имрӯз дар ин бора созишномаи иловагӣ имзо намуданд.                    Кӯмаки навбатии Ҳукумати ИМА илова ба кӯмаки Бонки рушди Осиё ҷудо карда шуд, ки ҳанӯз соли 2004 ба Тоҷикистон расонда шуда буд. Маблағи умумии барои тармиму таҷдиди посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷудонамуда, 14,98 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 10,7 миллион доллар қарзи Бонки рушди Осиё ва 2,68 миллион доллар саҳми Тоҷикистон мебошад. Барномаи тармими посгоҳҳои сарҳадӣ охири соли 2010 пурра иҷро карда мешавад.                   Дар маросими имзои созишнома мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ Неъмат Бӯриев, муовини аввали сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Неъмат Раҳматов ва хабарнигорон ҳузур доштанд.

Август 21, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид