КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Август 13, 2009 11:43

                     Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Созмони Милали Муттаҳид созмонҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистонро ба назар гирифта, барои расондани кӯмак ба сокинони маҳалҳое, ки фасли баҳори соли равон аз боришҳо зарар дидаанд, 8 миллион доллар ҷудо кунанд.                       Бар асари боришҳои тӯлонии фасли баҳори имсола 26 нафар ҳалок шуда, зиёда аз се ҳазор нафар бесарпаноҳ монд. Ҳамон вақт дар давоми шаш ҳафта бештар аз 2 ҳазор иморат, аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо ва шифохонаҳо хароб гардиданд.                     Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои хайрия саривақт ба зарардидагон кӯмак расонда, онҳоро бо хайма, озуқа, оби тоза ва ғайра таъмин намуданд. Вале то имрӯз садҳо оилаи аз фалокат зарардида сарпаноҳ надошта, дар хонаҳои хешу таборашон зиндагӣ мекунанд ва барои сохтани манзил маблағ надоранд. Мо бояд ба онҳо барои ҳалли проблемаҳояшон кӯмак расонем, гуфт намояндаи СММ дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс.                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А.

Август 13, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд