КӮМАКИ ШИРКАТИ МАЛАЙЗИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 14 август муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов бо Мудири иҷроияи ширкати саноати энергетикаи «Energy Industry Co»-и Малайзия И. Маҳдизода мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаи сохтмони системаи истеҳсолкунандаи газ бо истифодаи партовҳои хӯрока муҳокима шуданд. Ширкати Малайзия ният дорад, ки дар Тоҷикистон дар давоми 2 сол нерӯгоҳи барқӣ обии 20 МВТ созад. И. Маҳдизода зикр кард, ки ширкат тайёр аст барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон аз 5 то 20 миллион евро қарз диҳад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






