КИШТИҲОИ АТОМИИ РУСИЯ ДАР НАЗДИ СОҲИЛҲОИ ИМА ШИНО МЕКУНАНД

Август 5, 2009 16:11

                   Вашингтон, 5 август. АМИТ «Ховар» — Лента.Ру.). — Рӯзномаи «Ню — Йорк Таймс» бо истинод ба хабари вазорати мудофиаи ИМА хабар дод, ки ду киштии атомии Русия дар соҳилҳои ғарбии мамлакат шино мекунанд. Аз рӯи маълумоти вазорати мудофиаи ИМА сухан дар бораи киштиҳои атомии зериобии «Акула» меравад, ки дар зери об беовоз шино карда метавонанд.                    Ба қавли намояндаи вазорати мудофиаи ИМА, яке аз киштиҳо 4 август ҳамагӣ 200 милл дуртар аз соҳил ба қайд гирифта шуд. Киштии дигар ҳамон рӯз аз тарафи соҳили ИМА ба самти Куба шино кардааст.                   Мутахассиси таърихи флоти зериобии ИМА Норман Полмар ба хабарнигорон гуфт, ки киштиҳои атомии зериобии Русия дар давоми 15 соли охир бори аввал дар наздикии соҳилҳои мамлакат мушоҳида карда шуданд. Дар баробари ин қайд карда мешавад, ки киштиҳои атомӣ дар минтақаи бетараф қарор доштанд. Мо метавонем, хати ҳаракати онҳоро таҳти назорат қарор диҳем, гуфт дар хотима Н.Полмар.                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 5, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд