КИТОБИ НАВ АЗ ҲАЁТИ ШАХСИЯТИ НАҶИБ

Август 27, 2009 14:02

                Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Адиб» китоби нависанда, публисисти маъруфи тоҷик Усмонҷон Ғаффоровро таҳти унвони Абдулаҳад Қаҳҳоров аз чоп баровард.                 Китоб дар бораи зиндагиномаи ходими намоёни давлатӣ, сиёсатмадори хирадманд, олим ва шоир Абдулаҳад Қаҳҳоров нақл мекунад. Муаллиф ба маводу ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, хотироту ёддоштҳои фарзандон, дӯстон ва ҳамсафону ҳамкорон, инчунин асару мақолаҳои шодравон А. Қаҳҳоров такя намуда, китобро такълиф кардааст.                 Мавриди зикр аст, ки Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки хатмкардаи Техникуми техникии Қӯқанд буд, фаъолияти кориашро дар синни 17-солагӣ(С. 1930) аз ҳамин шаҳр оғоз карда, сипас ба ҳайси раиси Кумитаи бинокорони Конибодом, раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Конибодом, котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, роҳбари байниноҳиявии Тоҷиктранс дар Панҷакент, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Панҷакент ва муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Панҷакент» фаъолият кардааст. Фаъолияти меҳнатии Абдуаҳад Қаҳҳоров дар Душанбе соли 1956 аз муовини Раиси Совети Вазирон оғоз гашта, пасон ӯ дар вазифаҳои раиси Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1961-1973 Раиси Совети Вазирон ва дар Айни замон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, соли 1984 дар синни 71-солагӣ аз олам даргузаштааст.               Гуфтанист, ки бузургдошти абармардони миллат худшиносию худогоҳии миллиро меафзояд. Аз ин рӯ, Усмонҷон Ғаффоров бо мақсади офаридани зиндагиномаи абармардони миллати тоҷик тасмим гирифтааст, ки зиндагиномаи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ, Назаршо Додхудоев, Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва амсоли инҳоро дар силсилаи китоби «Ҳаёти одамони наҷиб» ба нашр расонад.  

Август 27, 2009 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд