КОНСЕРТИ КАЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Август 14, 2009 16:03

              Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистонба номи А. Ҷураев бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон консерти калони рақсу сурудҳои миллиро пешкаши тамошобинон хоҳад кард.               Ба консерт ҳунармандони хизматнишондода ва халқӣ аз тамоми минтақаи ҷумҳурӣ давъат карда шудаанд. Номери калонтарини консерт сюитаи рақсии миллӣ мебошад.                Ҳоло дар филармония машқи барномаи консертӣ давом дорад.

Август 14, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш