КОРОМӮЗИИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР КӮЛОБ

Август 28, 2009 14:30

                Кӯлоб, 28 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Беш аз 15 нафар ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб тибқи "Лоиҳаи коромӯзӣ оид ба журналистикаи шаҳрвандӣ" аз вижагиҳои касби рӯзноманигорӣ огаҳ шуданд. Ин лоиҳа аз ҷониби нашрияи маҳаллии ҷавонон мавсум ба "Пажвок" амалӣ шудааст. Орзӯ Ҳамидов, муассиси нашрияи "Пажвок" гуфт, ки пас аз созмон додани нашрия эҳсос шуд, ки барои таҳияи мавод ба онҳо рӯзноманигорони касбӣ намерасанд. Аз ин рӯ, бо ҷалби ҷавонони хоҳишманд тасмим гирифтаанд, ин холигиро пур намоянд.                Барои таълими ҷавонони маҳаллӣ аз вижагиҳои касби журналистика масъулини "Пажвок" аз устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истифода бурдаанд. Ҳамзамон дар баробари таълим, ки чор моҳ идома дошт, ҷавонон дар нашрияи мазкур таҷрибаи амалӣ гирифтаанд. Феълан ҷавононе, ки ин даври омӯзиширо хатм намудаанд, дар нашрия "Пажвок" ба кор ҷалб шудаанд. "Пажвок" нашрияи маҳаллии ҷавонони шаҳри Кӯлоб буда, ду сол қабл таъсис ёфтааст. Ин нашрия моҳе ду маротиба нашр мешавад ва ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст, ки аз замони таъсисёбӣ то кунун мунтазам нашр мегардад.   

Август 28, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд