ЛАГЕРИ МАЪРИФАТИЮ ИСТИРОҲАТӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Август 13, 2009 14:10

                     Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Барои 66 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ, ҷавонони аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳи «Сомониён»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов лагери маърифатию истироҳатӣ гузаронида шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.                    Дар лагер байни ҷавонон бозиҳои зеҳнӣ, шавқовар, байтбарак, истеъдодҳои ҷавон, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои одобнома гузаронида шуд.                    Дар маросими ҷамъбасти лагер раиси Кумитаи ҷавонон Маликшо Неъматов иштирок намуда, дар бораи ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонону варзишгарон суханронӣ намуд.                   Инчунин, дар охир барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Ҷавонон бо хондани суруди «Ватан» маҳфилро оғоз намуда бо ривояту андарзҳои Имоми Аъзам онро хотима бахшиданд.

Август 13, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд