МАКТУБҲОИ НАВИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР БА КРЕМЛ

Август 28, 2009 09:12

                 Бадахшон, 28 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Нависанда Қурбони Аламшоҳ чанд сол қабл бахшида ба зиндагиномаи яке аз барпокунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо номи «Ҳар ҷое бошам бо тоҷикон бошам» китоби публисистиро навишта буд, ки хати сурхи онро мактуб ба унвони Сталин ташкил медод. Пажӯҳишгар мегӯяд, ки дар қатори номаи таърихии Шоҳтемур ба Сталин дар мавриди мақоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна, ки дар натиҷаи марзбандии табартақсим рӯи кор омад ҳамчунин мактубҳои дигари ӯ ба роҳбарияти вақти Шӯравӣ ёфт шуданд, ки аз талошҳояш барои ташкили Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.                   Ҳоло ба хотири 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур нависанда ният дорад, ки ҳамин китобро мукаммалтар гардонад. Қурбон Аламшоҳ баъди боздид аз бойгониҳои шаҳри Маскав гуфт, ки инчунин нахустин тасвири зиндаи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дастрас гардид. Онҳо дар бойгонии давлатии Симо ва садои шаҳри Красногорскии вилояти Маскав маҳфузанд.   

Август 28, 2009 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд