МАШҚГОҲИ НАҶОТДИҲАНДАГОН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бахшида ба 15-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази таъиноти махсус оид ба иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд «Машқгоҳи Наҷотдиҳандагон» ба истифода дода шуд, иттилооъ дод афсари «Маркази Наҷотдиҳӣ» Нуқра Набиева. Иншооти мазкур бо дастгирӣ ва кумакӣ корпуси наҷотдиҳии Давлати Швейтсария тибқи барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба кам намудани хавфи офати табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра аз тарафи сарбозону афсарони КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии машқгоҳ раиси КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайбулло Латипов иштирок намуда, тамоми наҷотдиҳандагонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии 15-умин солгарди таъсисёбии КҲФ ва МГ табрик намуд ва барояшон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бурдбориҳо таманно кард. Дар охири ҷамъомад барои иштирокчиён дар мавзӯи «Эҳтимолияти рух додани ҳодисаи нохуш, заминларза» аз тарафи гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии «Маркази Наҷотдиҳӣ» бо истифодаи воситаҳои махсуси наҷотдиҳӣ машқи намунавӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






