МАСОҲАТИ ҶАНГАЛЗОРҲО ВАСЕЪ МЕШАВАД

Август 3, 2009 08:30

                  Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, аз тарафи муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикор 1276,5 га ҷангал бунёд ва барқарор карда шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 226,5 га зиёд аст. Муассисаи мазкур дорои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ буда, дар онҳо 2 млн. 230 ҳазор бех ниҳол парвариш карда мешавад. Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ соли ҷорӣ навъи ниҳолҳо низ зиёд карда шуд, ки он нисбат ба соли сипаришуда 500 ҳазор бех зиёд аст.                  Фаъолияти кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор дар соли ҷорӣ беҳтар ба роҳ монда шуд. Аз тарафи кормандони соҳа зиёда аз 241 қонунвайронкунии ҷангал дар нимсоли аввали соли 2009 ошкор гардид, ки маблағи зарари он 103,9 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Алҳол 25 фоизи зарар барқарор карда шуда , боқимондаи он то охири соли ҷорӣ пурра рӯёнида мешавад.

Август 3, 2009 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд