МИКРОАВТОБУС ОТАШ ГИРИФТ

Август 24, 2009 15:19

                     Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 19 август микроавтобуси мусофирбар, ки онро ронандаи 38 — сола Абдураҳмон Бобоев идора мекард, дар кӯчаи Сино ғайричашмдошт оташ гирифт. Дар натиҷаи тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки сӯхтор бо гуноҳи ронанда сар задаст. Худи мошин дар натиҷа пурра сӯхта нобуд шуд. Мусофирони он осеб надидаанд. Айни ҳол сабабҳои рух додани оташ ва маблағи зарари он муайян карда мешаванд.                   22 август дар хоҷагии деҳқонии «Хум — 95» — и ҷамоати Навободи ноҳияи Турсунзода сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор 35 гектар ғалла, 25 гектар алафзори хушк ва 15 гектар ҷавдор сӯхта нобуд шуд. Ҳаҷми умумии зарари сӯхтор 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.                  Ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 17 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Зарари умумии моддии онҳо 29 ҳазору 402 сомониро ташкил медиҳад.  

Август 24, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд