МУҲОҶИРАТИ КОРӢ ТАҲТИ НАЗОРАТ ГИРИФТА МЕШАВАД

Август 25, 2009 09:43

                      Қазон, 25 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тавре хабар дода шуда буд, аз 21 то 23 август дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия — шаҳри Қазон маҷлиси муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои дохилии ҳар ду мамлакат Абдураҳим Қаҳҳоров ва Рашид Нургалиев иштирок доранд.                     Иштирокчиёни маҷлис дирӯз бо фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобили Ҷумҳурии Тотористон шинос гардиданд. Рашид Нургалиев ва Абдураҳим Қаҳҳоров дар маросими ботантанаи ба истифода додани бинои истиқоматӣ ширкат варзида, бо фаъолияти маркази видео ва маркази чавгонбозии раёсати БДА Ҷумҳурии Тотористон шинос гардиданд. Меҳмононро дар ин сафарҳо раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Тотористон Фарид Муҳаммадшин ва вазири корҳои дохилии Тотористон Асқад Сафаров ҳамроҳӣ карданд.                      Хабар дода мешавад, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон А.Қаҳҳоров дирӯз дар Қазон бо коргарони муҳоҷири тоҷик, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва мардикорони тоҷик мулоқот кард. Вазир ба саволҳои сершумори онҳо ҷавоб дода, зикр намуд, ки муҳоҷирати коргарон имрӯз яке аз проблемаҳои муҳимтарин буда, ҳалли он таҳти назорати ҳамешагии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Август 25, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд