МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Август 12, 2009 12:03

                   Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар маҷлиси 24 — уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои ИДМ масъалаи такмил додани қонунҳо дар бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ муҳокима шуд. Коршиноси Вазорати фарҳанги Русия Тамара Гудима аз номи гурӯҳи корӣ маърӯза кард. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи қонунро дар Маскав мавриди баррасӣ қарор дода буд. Иштирокчиёни маҷлис ба лоиҳаи қонун баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуданд.                    Иштирокчиёни маҷлис пешниҳод карданд, ки аз вазоратҳои фарҳанги мамлакатҳои ИДМ дар бораи таҷрибаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангӣ маълумоти муфассал талаб карда шавад. Дар асоси он қарорҳое қабул кардан мумкин аст, ки ба такмил додани қонунҳои мамлакатҳои ИДМ дар ин масъала мусоидат хоҳанд кард.

Август 12, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд