МУАЛЛИФИ СЕ СУРУДИ МИЛЛИИ РУСИЯ ВАФОТ КАРД
Маскав, 27 август. (АМИТ «Ховар», РБК.ру). — Имрӯз дар шаҳри Маскав шоир, драмнавис классики адабиёти шӯравӣ, мухбири ҳарбӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муаллифи матни ду суруди миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Русия Сергей Михалков дар синни 97 — солагӣ вафот кард. С.Михалков соли 1913 таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз дар синни наврасӣ ба навиштани шеър шурӯъ карда буд. Шеърҳои ӯ аз соли 1928 сар карда, дар матбуот чоп мешуданд. С.Михалков соли 1937 Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро хатм кардааст. Ҳамон сол як шеъри дар рӯзномаи «Правда» чопшудаи Сергей Михалков ба Иосиф Сталин маъқул мешавад. Ин имкон медиҳад, ки С.Михалков ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул гардида, баъдан ба Донишкадаи адабӣ дохил гардад. С.Михалков муаллифи матнҳои ду суруди миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва суруди миллии имрӯзаи Федератсияи Русия буда, классики ҳақиқии адабиёти бачагона ба шумор меравад. С.Михалков Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаҳои ба номи Ленин, ба номи Сталин, академики Академияи маорифи Русия, дорандаи ордени Андреи муқаддас мебошад. Маҷмӯаи ашъори «Амаки Стёпа» ба қалами С.Михалков тааллуқ дорад. Писарони ӯ Никита Михалков ва Андрей Кончаловский дар соҳаҳои адабиёт ва кинои шӯравӣ ва Русия ҳамчун коргардон ва намоишноманависи боистеъдод маъруф мебошанд. Президенти Русия Дмитрий Медведев ва Сарвазир Владимир Путин ба аъзои оилаи С.Михалков ва хешу таборони онҳо ҳамдардӣ изҳор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






