МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Чолпонато, 3 август. (АМИТ «Ховар» — bnews. кz.). — 31 июл дар соҳили Иссиқкӯл мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он президентҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Мулоқоти онҳо баъди интихоботи президенти Қирғизистон баргузор гардид, бинобар ин иштирокчиёни мулоқот Қ.Боқиевро ба муносибати такроран президенти мамлакат интихоб гардиданаш табрик намуданд.Баъд сарони давлатҳо маърӯзаи Муншии умумии СААД Николай Бордюжаро дар бораи тадбирҳои ташкили сиёсати ҳамоҳанги иттилоотии давлатҳои аъзои созмон ва ба роҳ андохтани фаъолияти қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ шунида мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо сипас дар бораи ташкили Маркази технологияи иттилоотии тайёр намудани мутахассисони соҳаи амният дар Русия қарор қабул карданд. Пешниҳод шуд, ки дар соҳили Иссиқкӯл Маркази варзишию солимгардонии ҷавонони мамлакатҳои аъзои СААД бунёд карда шавад. Дар ин ҷо ҳар сол ҷамъомади байналхалқии намояндагони созмонҳои варзишию низомӣ ва ватандӯстии давлатҳои аъзои созмон баргузор мегардад. Иштирокчиёни мулоқот инчунин проблемаҳои минтақавию байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳашонро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






