МУЛОҚОТИ БИЛЛ КЛИНТОН БО КИМ ЧЕН ИР

Август 5, 2009 10:50

                       Пхенян, 5 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру. ). — Президенти собиқи ИМА Билл Клинтон 4 август ғайричашмдошт ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Куриё сафар карда, дар Пхенян бо роҳбари ин мамлакат Ким Чен Ир мулоқот кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Б.Клинтон барои муҳокимаи имконияти аз ҳабс озод кардани ду журналисти амрикоӣ ба ҶХДК рафтааст.                        Хабар дода мешавад, ки ду журналисти амрикоӣ Лора Лин ва Юна Ли 17 марти соли равон дар сарҳади ҶХДК ва Чин дастгир шуда буданд. Мақомоти Пхенян даъво доранд, ки онҳо ғайриқонунӣ ба қаламрави мамлакат дохил гардидаанд. Журналистон мехостанд, дар ҶХДК барои тайёр кардани барномаи телевизионӣ навор бардоранд. Суди марказии ҶХДК моҳи июн ҳар ду журналистро гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 12 сол барои корҳои ислоҳотӣ маҳкум намуд. Мурофиаи судии журналистон паси дарҳои баста гузашт. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Куриёи Шимолӣ аз болои ҳукми Суди марказӣ шикоят кардан мумкин нест.                         Ба қавли коршиносон, Пхенян ният дорад, ки журналистонро барои ба роҳ мондани муносибатҳояш бо Вашинтон истифода баранд. Бояд гуфт, ки ИМА бо ҶХДК муносибатҳои дипломатӣ надорад. Барои ҳалли масъалаҳои дипломатии ИМА ва ҶХДК Шветсия миёнаравӣ мекунад.

Август 5, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад