МУЛОҚОТИ МУНШИИ УМУМИИ НАТО БО ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 7 август. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон.ру). — Дирӯз дар ҷараёни мулоқоти Муншии нави умумии НАТО Андерс Фог Расмуссен бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар Кобул масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, нақши НАТО дар таъмини амнияти Афғонистон ва омода сохтани кадрҳо барои артиш ва политсияи мамлакат муҳокима шуданд. Президенти Афғонистон баъди мулоқот дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар мавриди пирӯз гардиданаш дар интихоботи президент бо силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ба гуфтушунид оғоз хоҳад кард. Вай ҷонибдорони толибонро даъват намуд, ки аслиҳаро ба замин гузошта, қонунҳои мамлакатро эътироф намуда, дар интихоботи президент ширкат варзанд ва барои барқарор сохтани иқтисодиёти мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Президент хабар дод, ки бо НАТО дар бораи то ҳадди имкон кам кардани ҳалокати аҳолии маҳаллӣ зимни гузаронидани амалиёти ҳарбӣ мувофиқа кардааст. А.Ф. Расмуссен НАТО — ро дӯсти Афғонистон номида, зикр кард, ки проблемаи таъмини амнияти мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи созмон мебошад. Вай изҳор намуд, ки НАТО тайёр аст, барои тайёр намудани мутахассисон дар артиш ва политсияи мамлакат мусоидат кунад. Қайд карда шуд, ки вазифаи наздиктарини НАТО таъмини бехатарии гузаронидани интихоботи президенти Афғонистон мебошад. Хабар дода мешавад, ки президенти Афғонистон Ҳ.Карзай дирӯз инчунин бо ҳайати Конгресси ИМА мулоқот кард. Вай ба меҳмонон дар бораи дастовардҳои мамлакат дар давоми солҳои охир сухан ронда, ба маъмурияти ИМА барои кӯмакҳои иқтисодӣ ва таъмини амнияти мамлакаташ миннатдорӣ баён намуд. Намояндагони Конгресси ИМА аз дигаргуниҳои мусбати ҳаёти мардуми Афғонистон дар давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






