МУЛОҚОТИ МУНШИИ УМУМИИ НАТО БО ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН

Август 7, 2009 11:20

                     Кобул, 7 август. (АМИТ «Ховар» — Афғонистон.ру). — Дирӯз дар ҷараёни мулоқоти Муншии нави умумии НАТО Андерс Фог Расмуссен бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар Кобул масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, нақши НАТО дар таъмини амнияти Афғонистон ва омода сохтани кадрҳо барои артиш ва политсияи мамлакат муҳокима шуданд.                     Президенти Афғонистон баъди мулоқот дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар мавриди пирӯз гардиданаш дар интихоботи президент бо силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» ба гуфтушунид оғоз хоҳад кард. Вай ҷонибдорони толибонро даъват намуд, ки аслиҳаро ба замин гузошта, қонунҳои мамлакатро эътироф намуда, дар интихоботи президент ширкат варзанд ва барои барқарор сохтани иқтисодиёти мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Президент хабар дод, ки бо НАТО дар бораи то ҳадди имкон кам кардани ҳалокати аҳолии маҳаллӣ зимни гузаронидани амалиёти ҳарбӣ мувофиқа кардааст.                    А.Ф. Расмуссен НАТО — ро дӯсти Афғонистон номида, зикр кард, ки проблемаи таъмини амнияти мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи созмон мебошад. Вай изҳор намуд, ки НАТО тайёр аст, барои тайёр намудани мутахассисон дар артиш ва политсияи мамлакат мусоидат кунад. Қайд карда шуд, ки вазифаи наздиктарини НАТО таъмини бехатарии гузаронидани интихоботи президенти Афғонистон мебошад.                    Хабар дода мешавад, ки президенти Афғонистон Ҳ.Карзай дирӯз инчунин бо ҳайати Конгресси ИМА мулоқот кард. Вай ба меҳмонон дар бораи дастовардҳои мамлакат дар давоми солҳои охир сухан ронда, ба маъмурияти ИМА барои кӯмакҳои иқтисодӣ ва таъмини амнияти мамлакаташ миннатдорӣ баён намуд.                    Намояндагони Конгресси ИМА аз дигаргуниҳои мусбати ҳаёти мардуми Афғонистон дар давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Август 7, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд