МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО НАМОЯНДАИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 4 август. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 3 августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ноиби директори минтақавии бюрои минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ната Менабде мулоқот кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва раванди расонидани кӯмакҳо аз ҷониби ин ташкилот ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид,ки минбаъд низ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон дар амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ,беҳдошти вазъи сиҳатии омма,тайиёр кардани кадрҳои баландихтисосӣ соҳа, рушди хизматрасонии модару кӯдак ва пешгирию муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда кӯмак хоҳад расонид. Ҳаҷми кӯмаки ба Тоҷикистон расонидашуда аз ҷониби ташкилоти мазкур соли 1993 65 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода бошад, дар солҳои 2008 — 2009 бошад дар назар аст , ки ба 6,6 миллион доллари америкоӣ баробар шавад. Хотиррасон бояд кард ,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






