МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАРЗИШГАРОН

Август 11, 2009 11:46

              Қӯрғонтеппа, 11 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо варзишгарон мулоқот кард.               Вай зикр намуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи варзиш, пеш аз ҳама оммавӣ гардондани навъҳои асосии варзиш кӯшиш ба харҷ медод ва медиҳад. Айни ҳол дар вилоят 30 мактаби варзишӣ ва як мактаби маҳорати олии варзишӣ фаъолият доранд.  Дар ин мактабҳо зиёда аз 500 нафар дорандагони дараҷаҳои гуногуни варзишӣ, 97 нафар номзади устоди варзиш, 26 устоди варзиш ва 9 нафар устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ машқ мекунанд.              Варзишгарони вилоят дар давоми соли равон дар 9 мусобиқаи байналхалқӣ ва 19 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 61 медали тилло, 56 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ ба даст оварданд.              Раиси вилоят Ғ.Авзалов дар фарҷоми мулоқот ба гурӯҳи варзишгарон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 11, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд