МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — 7 август дар доираи намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон», ки дар Кохи Борбад баргузор гардид, мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон ташкил карда шуд. Дар он бештар аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат ширкат варзиданд. Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат, вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, Агентии сармоягузории Афғонистон, Ширкати ҳавонавардии «КАМ Айр» ва ташкилоту идораҳои дигари дахлдори ҳар ду кишвар имкониятҳои ояндаи ҳамкорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои муштаракро баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот зарурати ба роҳ андохтани равобити мустақим, дастраси ҳамдигар гардондани маълумот дар бораи вазъи бозор ва талабот ба молҳои ниёзи мардум ва равнақу ривоҷи муносибатҳои соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






