МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Август 8, 2009 11:34

               Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — 7 август дар доираи намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон», ки дар Кохи Борбад баргузор гардид, мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон ташкил карда шуд. Дар он бештар аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат ширкат варзиданд.                Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат, вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, Агентии сармоягузории Афғонистон, Ширкати ҳавонавардии «КАМ Айр» ва ташкилоту идораҳои дигари дахлдори ҳар ду кишвар имкониятҳои ояндаи ҳамкорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.               Зимни мулоқот зарурати ба роҳ андохтани равобити мустақим, дастраси ҳамдигар гардондани маълумот дар бораи вазъи бозор ва талабот ба молҳои ниёзи мардум ва равнақу ривоҷи муносибатҳои соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   

Август 8, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид