МУРОҶИАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ БА ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ

Август 3, 2009 14:42

                          Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба унвони Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиатнома фиристод. Онро теъдоди хеле зиёди роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои журналистӣ имзо кардаанд. Муроҷиатнома 2 июл дар ҷамъомади роҳбарони ҳамаи агентиҳои иттилоотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, ҳафтаномаҳо, студияҳо ва стансияҳои радиою телевизиони ҷумҳурӣ қабул шуда буд.                   Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки айни ҳол бештар аз 90 фоизи воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардиданд, даромади қисми зиёди онҳо хеле коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, теъдоди нашри ҳафтаномаҳо аз 30 то 40 фоиз кам гардида, талаби хонандагон ба онҳо коҳиш ёфта, арзиши хизматрасониҳо ва хароҷоти хариди қоғазу маводи дигари зарурӣ хеле афзуда, ҳаҷми эълону реклама дар воситаҳои электронии ахбори оммавӣ то 70 фоиз кам шудааст.                  Дар муроҷиатнома таъкид карда мешавад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба туфайли нақши махсусашон дар системаи идораи давлат ва ҳаёти ҷомеа аз имтиёзҳои гуногун ва дастгирии давлатӣ бархурдоранд. Дар бисёр мамлакатҳо барои воситаҳои ахбори оммавӣ дар бобати пардохти андоз имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд, онҳо аз ҷониби давлат бо қоғаз ва маводи дигари зарурӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин бобат Қазоқистон мисол шуда метавонад. Ҳукумати ин мамлакат барои беҳтар сохтани фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ дар давраи бӯҳрони молиявӣ маблағи калон ҷудо мекунад.                    Воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон имрӯз дар шароити вазнини иқтисодӣ қарор доранд, ба баъзеи он хавфи муфлисшавӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ ба Ҳукумати мамлакат муроҷиат карда, даъват менамоем, ки дар чунин шароити душвор ба ҳалли ин проблема диққати ҷиддӣ дода шавад.                    Қабули барномаи махсуси давлатии зидди бӯҳрон дар соҳаи табъу нашр имкон медиҳад, ки проблемаҳои мазкур ҳал карда шаванд ва обрӯю эътибори мамлакат ва роҳбарияти Тоҷикистон дар бобати вусъат бахшидан ба озодии сухан ва таҳкими демократия афзунтар гардад, — гуфта мешавад дар муроҷиатнома. Намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат вобаста ба шароити душвори имрӯза пешниҳод менамоянд, ки :                  1. Дар муассисаҳои давлатии молиявии Тоҷикистон барои додани қарзи бефоиз ба воситаҳои ахбори оммавие, ки дар иҷрои барномаи зиддибӯҳронӣ ширкат меварзанд, маблағи муайян ҷудо карда шавад ё дар муассисаҳои молиявӣ барои воситаҳои ахбори оммавӣ маблағи кӯмак муқаррар карда шавад;                  2. Аз воситаҳои ахбори оммавӣ дар давоми панҷ сол маблағи андоз, андози арзиши изофа ва андози даромад гирифта нашавад. Ба бунёди шабакаи миллии паҳн намудани нашрияҳо бо роҳи ислоҳот ва беҳтар сохтани фаъолияти хизмати давлатии почта мусоидат намуда, инчунин бо роҳи бекор кардани маҳдудиятҳо барои кушодани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дар ҳамаи маҳалҳои серодами шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе шароит муҳайё карда шавад;                 3. Ба қонунгузории амалкунандаи мамлакат бо роҳи бекор кардани меъёрҳои додани иҷозат ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ бо мақсади беҳтар сохтани фаъолияти стансияҳо ва студияҳои радиою телевизион тағйироту иловаҳо ворид карда шавад, ки дар ин бора дар Паёми Президент ба Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ аз 15 апрели соли 2009 сухан меравад.                   Иштирокчиёни ҷамъомад чунин мешуморанд, ки барои амалӣ сохтани тадбирҳои зикршуда аз ҳисоби буҷет маблағи калон сарф карда намешавад. Ин пешниҳодҳо дар баробари ин проблемаҳои воситаҳои ахбори оммавиро дар давраи бӯҳрон ҳал карда метавонанд. Ҳалли ҳар чӣ зудтари ин масъала имкон медиҳад, ки воситаҳои ахбори оммавии мамлакат аз вартаи бӯҳрон наҷот дода, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар масъалаи эҳтироми принсипҳои озодии сухан ва демократия дар байни мамлакатҳои ҷаҳон боз ҳам баландтар бардошта шавад.Тарҷумон — Қудратов А.    

Август 3, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад