НАМОИШИ ФИЛМИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Филми коргардони тоҷик Раҷабалӣ Пиров бо номи «Зиндагӣ» ба барномаи филмҳои ҷашнвораи 7-уми Маскав дохил шуд, ки аз 27 август то 6 сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Сокинони Маскав ба туфайли ҷашнвораи мазкур имконият пайдо мекунанд, ки филмҳои навтарини мамлакатҳои собиқи Шӯравиро тамошо кунанд. Солҳои охир дар ҷашнвораи филмҳои мазкур теъдоди бештари мамлакатҳо ширкат меварзанд. Дар ин бобат хизмати Конфедератсияи Иттифоқҳои киносозони мамлакатҳои ИДМ хеле калон аст. Бо ташаббуси Конфедератсияи мазкур ҳамкории киностудияҳои мамлакатҳои ИДМ вусъат меёбад. Дар ҷашнвораи имсола қисми зиёди мамлакатҳои ИДМ ва Балтика иштирок хоҳанд кард.Раҷабалӣ Пиров дар байни тамошобинони тоҷик бо филми телевизионии «Вақте болои шаҳр борон меборид» шӯҳрат пайдо кардааст. Филми «Зиндагӣ» мазмуну мундариҷа ва оҳанги миллӣ дорад. Дар он анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла маросими тӯй, маросими дафн ва ҷараёни тайёр намудани асбобҳои мусиқӣ, инчунин асбобу анҷоми рӯзгор намоиш дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






