НАРХИ ШАКАРУ БИРИНҶ ҚИМАТ, АММО ОРДУ КАРТОШКА АРЗОН ШУД
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи давлатии омор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввали соли 2009 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт. Боло рафтани нарх бештар дар асал (54,4 фоиз), шакар (39,2 фоиз), арақ (16,4 фоиз), биринҷ (12,1 фоиз), қаҳва (10,2 фоиз), чой (10,1 фоиз), маҳсулоти ширӣ (7,7 фоиз), оби маъданӣ (6,5 фоиз), конфетҳои шоколадӣ (4,3 фоиз) мушоҳида гардид. Ҳамчунин дар ин давра гӯшти мурғи хонагӣ (3,3 фоиз), гӯшти гӯсфанд (2,8 фоиз), гӯшти гов (2,2 фоиз) қимат шудааст. Зимнан нархи бехпиёз 31,3 фоиз, картошка — 7,1, ярмаи ҷав — 5,7, орди навъи якум — 4,3, сабзӣ — 1,7 ва карам 1 фоиз арзон шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






