НАТИҶАҲОИ «ИДИ АСАЛ – 2009»
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои 15 ва 16 августи соли равон дар Боғи «Дӯстии халқҳо» иди асал баргузор гардид. Дар он бештар аз 50 хоҷагии занбӯрпарварии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат маҳсули дастони худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Иди асал имсол бо ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати мамлакат гузаронида шуд. Ҳадафи он боз ҳам бештар тараққӣ додани соҳаи занбӯрпарварӣ мебошад. Дар ярмарка хоҷагиҳои давлатию деҳқонӣ ва хусусии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Онҳо бештар аз 18 навъи асалро ба харидорон пешкаш намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни занбӯрпарварон ҷои аввал насиби занбӯрпарварони вилояти Суғд гардид. Ҷойҳои дуюмро занбӯрпарварони ноҳияи Рашт ва Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» ва ҷойҳои сеюмро занбӯрпарварони ВМКБ ва муассисаҳои давлтии «Хоҷагии ҷангал ва шикор» ишғол намуданд. Мукофоти асосии озмун насиби занбӯрпарварони вилояти Хатлон гардид.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






