НИЗОМИЁНИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН БА ҚУВВА ВА МАБЛАҒ ЭҲТИЁҶ ДОРАНД
Кобул, 24 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Қумондонони қисмҳои ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёни он дар Афғонистон зимни мулоқот бо намояндаи махсуси президенти ИМА дар Афғонистон Ричард Холбрук изҳор намуданд, ки қисмҳои ҳарбии хориҷӣ дар ин мамлакат ба қувва ва маблағи иловагӣ эҳтиёҷи калон доранд. Аз ҷумла, генерал — майори амрикоӣ Куртис Скапаротти таваҷҷӯҳи Холбрукро ба муташанниҷ гардидани вазъияти вилоятҳои шарқии Афғонистон ҷалб намуд. Вай зикр кард, ки вақтҳои охир нуфузи ҷунбиши «Толибон» дар ин минтақа торафт бештар мегардад. Қайд карда шуд, ки фаъолияти силоҳбадастони дастаи қумондон Ҷалолиддини Ҳаққонӣ дар қисмати шарқии Афғонистон торафт бештар авҷ мегирад. Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир шумораи зархаридони миллати ӯзбек дар Афғонистон хеле зиёд гардидааст. Онҳо маъмурияти Амрикоро даъват карданд, ки амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Покистонро дар мубориза ба муқобили «Толибон» дастгирӣ намояд. Айни ҳол вазъияти Афғонистон баъди интихоботи Президент ниҳоят ноором ва муташанниҷ мебошад. Дастаҳои «Толибон» дар арафаи интихобот ва баъди он дар мамлакат силсилаи таркишҳо ба амал оварданд. Аз ҷумла, 15 август силоҳбадастон ба қароргоҳи марказии НАТО дар Кобул ҳамла оварданд. То ҳол маълум нест, ки дар интихоботи Президент ғалаба насиби кӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки интихоботи президенти Афғонистон ғалабаи демократия дар мамлакат мебошад. Хабар дода мешавад, ки натиҷаҳои интихобот баъди ду ҳафта маълум хоҳанд гашт. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






