НИЗОМИЁНИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН БА ҚУВВА ВА МАБЛАҒ ЭҲТИЁҶ ДОРАНД

Август 24, 2009 11:47

                 Кобул, 24 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Қумондонони қисмҳои ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёни он дар Афғонистон зимни мулоқот бо намояндаи махсуси президенти ИМА дар Афғонистон Ричард Холбрук изҳор намуданд, ки қисмҳои ҳарбии хориҷӣ дар ин мамлакат ба қувва ва маблағи иловагӣ эҳтиёҷи калон доранд. Аз ҷумла, генерал — майори амрикоӣ Куртис Скапаротти таваҷҷӯҳи Холбрукро ба муташанниҷ гардидани вазъияти вилоятҳои шарқии Афғонистон ҷалб намуд. Вай зикр кард, ки вақтҳои охир нуфузи ҷунбиши «Толибон» дар ин минтақа торафт бештар мегардад. Қайд карда шуд, ки фаъолияти силоҳбадастони дастаи қумондон Ҷалолиддини Ҳаққонӣ дар қисмати шарқии Афғонистон торафт бештар авҷ мегирад.                  Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир шумораи зархаридони миллати ӯзбек дар Афғонистон хеле зиёд гардидааст. Онҳо маъмурияти Амрикоро даъват карданд, ки амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Покистонро дар мубориза ба муқобили «Толибон» дастгирӣ намояд.                 Айни ҳол вазъияти Афғонистон баъди интихоботи Президент ниҳоят ноором ва муташанниҷ мебошад. Дастаҳои «Толибон» дар арафаи интихобот ва баъди он дар мамлакат силсилаи таркишҳо ба амал оварданд. Аз ҷумла, 15 август силоҳбадастон ба қароргоҳи марказии НАТО дар Кобул ҳамла оварданд.                То ҳол маълум нест, ки дар интихоботи Президент ғалаба насиби кӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки интихоботи президенти Афғонистон ғалабаи демократия дар мамлакат мебошад.                 Хабар дода мешавад, ки натиҷаҳои интихобот баъди ду ҳафта маълум хоҳанд гашт. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 24, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид