НОБИНОЁН ҲАМ МАКТАБ МЕХОҲАНД
Кӯлоб, 26 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов). — Ҷамъияти нобиноёни минтақаи Кӯлоб аз барҳам хӯрдани мактаби махсуси нобиноён дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ менамоянд. Ба қавли масъулини ин ҷамъият мактаби номбурда барои кӯдакони нобино бинобар камбудии адабиёти таълимӣ ва нарасидани муаллимону мураббиён соли гузашта барҳам дода шуд ва аксари кӯдакони нобино ба мактабҳои дигари шаҳр фиристода шудаанд. Бино ба гуфти раиси ҷамъияти нобиноёни минтақаи Кӯлоб Маҷид Ҳафизов, акнун беш аз 40 нафар наврасони нобино аз таҳсил дур мондаанд. Нафақахӯри нобино Назаралӣ Хушвақтов ба мухбири АМИТ "Ховар" гуфт, ки замони шӯравӣ дар ин мактаб беш аз 100 навраси нобино таҳсил мекард. Вай аз бастани ин мактаб ва аз таҳсил дур мондани фарзандони нобиноён изҳори норизоӣ намуд. Муаллими мактаб Эмом Зуҳуров мегӯяд, ки борҳо барои барқарор намудани мактаб муроҷиат намудаанд, аммо идораи маорифи шаҳр боз кардани ин мактабро дигар салоҳ надонист. Вай мегӯяд, дигар касе парвои таълим гирифтани нобиноён надорад. Мушкили дигаре, ки имрӯз нобиноёнро нигарон намудааст, камбудии адабиёти таълимӣ ва бадеӣ мебошад. Замони шӯравӣ дар маҳаллаи қориён китобхонае фаъолият дошт, ки китобҳои он махсус барои нобиноён чоп карда шуда буданд. Аммо ин китобхона ҳоло пурра хароб гардидааст. Хосият Шариповаи нобино мегӯяд, ягона шуғли нобиноён гӯш кардани радио мебошаду халос. Дар шаҳри Кӯлоб маҳаллаест, мавсум ба қориён, ки дар он ҳудуди сад тан оилаи нобино ба сар мебарад. Ин мактаб барои нобиноён охирин макони машғулияти нобиноён буд, ки акнун пурра баста шудааст. Қаблан корхонаи ресандагӣ ва китобхонаи нобиноён хароб шуда, ҷои он дӯконҳои фурӯши маводи ғизоӣ бунёд намуда буданд. Айни ҳол дар минтақаи Кӯлоб қариб шашсад нафар нобино зиндагӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






