НОМАИ ВАЛДИС ЗАТЛЕРС БА ҚОҲИР РАСУЛЗОДА

Август 11, 2009 14:53

                     Хуҷанд, 11 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бо ирсоли як нома ба унвони Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба мардуми меҳмондӯсти Суғд барои қабули ҳайати ин ҷумҳурӣ, ки санаи 12-июл меҳмони суғдиён буданд, миннатдории бепоёни худро изҳор доштааст.                      Дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки аз боздиди литсейи Президентӣ дар шаҳри Чкаловск, осорхонаи кишваршиносӣ, масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдин ва шиносоӣ бо фаъолияти бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят дар хотироти Валдис Затлер таассуроти нек боқӣ гузоштаанд.                    Валдис Затлерс менависад: «бовар дорам, ки сафари ҳайати кории Ҷумҳурии Латвия ба вилояти Суғд барои рушди ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо мусоидат хоҳад намуд».                    Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни нахустин сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 12-июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба вилояти Суғд ташриф оварда буд.  

Август 11, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд