ОДАМРАБОЁН ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 12 август шаҳрванди Душанбе Ҳаким Исломов ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, аз кормандони милиса хоҳиш намуд, ки ба ӯ ёрӣ расонанд. Вай хабар дод, ки як рӯз пеш се нафар шахси номаълум ӯро дуздида ба мошини худаш савор карда, ба ноҳияи Ҳисор бурданд. Одамрабоён дар ин ҷо гаравгони худро азобу шиканҷа дода, як шабонарӯз нигоҳ доштанд. Онҳо аз Исломов 400 сомонӣ пулашро кашида гирифта, таҳдид намуда, талаб карданд, ки ба онҳо боз 25 ҳазор доллари ИМА диҳад. Дар натиҷаи амалиёти дурусти кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷинояткорон дастгир шуданд. Онҳо Шавкатҷон Қодиров, Озод Қодиров ва Шаҳбоз Устоншоев мебошанд. Дар робита бо ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши ҷиноят давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






