ОЗМУНИ КИТОБХОНАҲО
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба муносибати 15 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни китобхонаҳои мамлакат барои ба даст овардани унвони «Чароғи ҳидоят» озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо гузаронида мешавад. Даври аввали он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида, 20 сентябр ба охир мерасад. Дар даври дуюми озмун китобхонаҳои дар даври аввал ғолибомада ширкат меварзанд. Натиҷаҳои озмун 6 ноябр дар Рӯзи таҷлили қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Шарти асосии озмун то ҳадди имкон зиёд кардани миқдори хонандагон ва ҳамкории китобхонаҳо бо хонандагонашон мебошад. Ташкилкунандагони озмун барои китобхонаҳое, ки се ҷои аввалро ишғол мекунанд, мукофотҳои пулӣ муқаррар намудаанд. Аз ҷумла, ба ғолиби ҷои аввалро ишғолнамуда 2500 сомонӣ, ҷои дуюм 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм 1000 сомонӣ мукофот дода мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






