ПАЁМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Август 21, 2009 08:22

               Ҳамватанони азиз!               Инак, субҳи фардо дар кишвари мо чун дар тамоми олами ислом моҳи мубораки Рамазони соли 1429-уми ҳиҷрии қамарӣ — моҳи кушода шудани дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат ва айёми иҷобати дуоҳо фаро мерасад.                Мардуми мусулмони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар сол ин моҳи муборакро бо хушҳоливу ниятҳои нек истиқбол гирифта, тавассути он бо рўзадорӣ, тоату ибодат, хайру саховат ва нафақа дар роҳи ризои Худои таъоло бо Парвардигорашон наздикӣ меҷўянд.Чунон ки ҳамаи шумо медонед, моҳи шарифи Рамазон сайиди моҳҳои сол шинохта шудааст. Сабаби бартарии Рамазон аз он иборат аст, ки Худованд маҳз дар ҳамин моҳ Куръонро ҳамчун роҳнамо барои бандагонаш нозил кардааст.                Воқеан, ин моҳ аз аввалин то ба охирин лаҳзањояш пур аз хайру баракат ва файзу раҳмат аст. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали некеро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.                Рўзаи моҳи шарифи Рамазон, ки рукни сеюми дини мубини ислом аст, аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рўзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки "рўза доштан танҳо нахўрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад".                Худдорӣ кардан аз хўрдану ошомидан ва ҳавасҳои дигар дар соатҳои рўз, тарки афъоли зишту нописандида, роҳ надодан ба фикру андешаҳои носавоб — ҳама якҷоя василаи бузурги поксозии ҷисм ва тақвияти рўҳу равони инсон мебошанд. Яъне риояи шартҳои моҳи шарифи Рамазон роҳи беҳтарини фарқ гузоштан байни амали раво ва амри нораво, сафои қалб, ҳусни ботин ва одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми мусулмон ба шумор меравад.               Намунаи бисёр барҷастаи парҳезгории ҷисмониву маънавиро мо дар зиндагиномаи фарзанди фарзонаи миллатамон Имоми Аъзам — Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит, яке аз нобиғаҳои тамаддуни исломӣ ва пешвои мазҳаби ҳанафия, ки беш аз нисфи мусулмонони ҷаҳон аз он пайравӣ менамоянд, мебинем. Дар соли бузургдошти Имоми Аъзам аз тариқи чопи маводи фаровон доир ба аҳволу осори гаронбаҳои ин абармарди таърих ва рохнамои уммати ислом метавон яқин ҳосил кард, ки арзишҳои волои инсонӣ — парҳезгориву накўкорӣ, муҳаббату ҳусни муошират ва раҳму шафқат рукни умдаи таълимоти мазҳаби ҳанафияро ташкил медиҳанд.                 Ва итминон дорам, ки ҳар фарди мусулмони кишвар ҳамчун пайрави ин мазҳаби инсондўстиву таҳаммулгароӣ ва вориси ин мероси бузурги ҷовидонӣ сулҳу суботи сарзамин, ойини неки хайрхоҳӣ ва дўстиву муҳаббат ба ҳамдигарро ҳамеша пос дошта, минбаъд низ ба хотири ободии Ватан ва осоиши мардум кўшиш хоњад кард.                 Ҳамчунин бовар дорам, ки амали хайри кўмак ба ятимону маъюбон, мўҳтоҷону дармондагон ва оилаҳои камбизоат дар ин моҳи шариф, ки айёми иҷрои амалҳои неку савоб аст, ривоҷи тоза пайдо хоҳад кард.                  Бо изҳори чунин ниятҳои нек фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми мусулмони кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода хушҳоливу хушрўзӣ, ризқу рўзии фаровон ва рўзгори босаодат металабам.                 Орзу дорам, ки тоату ибодати моҳи мубораки Рамазон барои ҳар яки мо айёми сабру пархезгорӣ, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва файзу баракат дар хонадони ҳар кадоми мо гардад!                  Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Август 21, 2009 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест