ПАЖӮҲИШГАРОНИ ЭРОНӢ БА ТОҶИКИСТОН РАСИДАНД
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гурӯҳи пажӯҳишии Анҷумани «Манзар»-и Донишгоҳи Теҳрон баъди шиносоӣ бо тамаддуну фарҳанги кишварҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон тавассути нақлиёт озими Тоҷикистон шуданд. Гурӯҳи беш аз 30 нафара, ки онро доктори Донишгоҳи Теҳрон Оташинбор сарпарастӣ менамояд аз донишҷӯёну пажӯҳишгарон иборат аст. Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин гурӯҳ қаблан зимни чор сафари пажӯҳишии худ ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва шарқӣ аввалин бор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни ин давлатҳо ошно мегарданд. Алҳол, ин гурӯҳ шаҳрҳои бостонии Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистонро тамошо карда, бо ёдгориҳои қадимаи ин шаҳрҳо, санъат, урфу одат ва санъати шаҳрсозӣ шинос гардиданд. Пажӯҳишгарон ҳамчунин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, баъдан ба Қирғизистон мераванд. Гурӯҳи пажӯҳишии мазкур зимни бозгашт ба Эрон хотираҳои сафари худро гирдоварӣ намуда, доир ба таъриху тамаддун ва фарҳангу санъати меъморию шаҳрсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ китоб нашр менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






