ПИРӮЗИИ ҲОМИД КАРЗАЙ ДАР ИНТИХОБОТ

Август 25, 2009 11:47

                   Кобул, 25 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Вазири молияи Афғонистон Умар Зуҳалволо дар маҷлиси ҳукумат хаюбар дод, ки президенти ҳозираи Афғонистон Ҳомид Карзай дар интихоботи президентии 20 август баргузоргардида ба аксарияти овозҳои интихобкунандагон соҳиб гардида, боз сардори давлат интихоб шуд. У.Зуҳалволо зикр намуд, ки то имрӯз 5 миллиону 450 ҳазор варақаи овоздиҳӣ ҳисоб карда шуд. Дар интихобот 3 миллион нафар ба тарафдории Ҳ.Карзай ва 1,5 миллион нафар ба тарафдории номзади дигари мансаби президент, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Абдуллои Абдулло овоз доданд.                  Қайд карда шуд, ки натиҷаҳои мазкур хусусияти пешакӣ доранд. Комиссияи мустақили интихобот натиҷаҳои аниқи интихоботро рӯзҳои наздик эълон хоҳад кард.

Август 25, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд