ПОЙГАИ ВЕЛОСИПЕДРОНОН БАРОИ ҶАЛБИ КӮМАКҲО БА ҶАВОНОНИ ТОҶИК
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сокини Швейтсария Ричард Селевик ва сокини Фаронса Жан Фредерик Гавин қарор доданд, ки барои расондани кӯмак ба ҷавонони тоҷик дар бобати кушодани курсҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ дар ноҳияи Ваҳдат ва ташкили хоҷагии занбӯрпарварӣ дар деҳаи Сухчарви ВМКБ аз Осло то Пекин масофаи 16 ҳазор километрро бо велосипед тай кунанд. Онҳо моҳи марти соли 2009 аз шаҳри Осло бо велосипед ба сафар баромаданд. То имрӯз иштирокчиёни пойга аз ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, қаламрави Туркия, Арманистон, Эрон ва Туркманистон гузашта, ба Ӯзбекистон расидаанд. Велосипедронон 8 август аз сарҳади Ӯзбекистон гузашта, то 10 август ба Душанбе мерасанд. Баъди ин сафари онҳо ба ноҳияи Ваҳдат ва ВМКБ пешбинӣ карда мешавад. Велосипедронон дар ҷараёни сафар бештар аз 17 ҳазор доллари ИМА ҷамъ оварданд. Қисми зиёди ин маблағро яке аз ширкатҳои газворбофии Фаронса тӯҳфа кард.Ташкилкунандаи пойгаи велосипедронон Хазинаи «Осиёи Марказии Евразия» мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






